Паёми “Тоҷикистон”: Нишони сарисинагии «Аълочии милитсия» таъсис  ёфт

Имрӯз 23 декабр, чоршанбе буда, пас аз беш аз як ҳафтаи дигар соли 2020 сипарӣ мешавад.

Обу ҳаво

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабр дар шаҳри Бохтар ҳаво шабона 2+4° гарм, рӯзона 7+9° гарм мешавад. Дар шаҳри Кӯлоб ҳаво тағйирёбанда шуда шабона 1+3° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад. Ҳамин тавр, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар буда, ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво -3+2, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда буда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11-16 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 3-8° хунук, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 22-27 хунук, (дар баъзе ноҳияҳо то 30-35 хунук), рӯзона 10-15° хунук, (дар баъзе ноҳияҳо то 18-23 хунук) мешавад. Дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ  ҳаво шабона 12-14° хунук, рӯзона 6-8° хунук мешавад. Пешгӯӣ мешавад, ки имрӯз дар ноҳияи Мурғоб шабона 31-33° хунук, рӯзона 13-15° хунук мешавад.

Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони шаҳри Хуҷанд маълумот медиҳад, ки имрӯз дар шаҳр ҳаво тағйирёбандаи бебориш буда, тумани тунук мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе 23 декабр ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 6+8° гарм мешавад. Ҳамин тавр, дар НТҶ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳида боришоти сусти барф ба амал омада, рӯзона эҳтимоляти боришоти нисбатан сусти марҳилави (0-0,5мм) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8° хунук, (дар ноҳияи Лахш то 11-13 хунук), рӯзона -3+2° мешавад.

Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон 23 декабри соли 2020 қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ;

1 евро – 13.8199 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1495 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Тақвими рӯз

  • 3 сол пеш, 23 декабри соли 2016 ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Дабири вақти кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба муносибати бо иттифоқи оро қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, номаи табрикӣ ворид гардид.

Вобаста ба ин метавон илова кард, ки дирӯз аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатънома таҳти унвони “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, ки ба қатъномаҳои қаблии Маҷмаи Умумии СММ роҷеъ ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”  такя менамояд ва аз сӯи Тоҷикистон ва Нидерланд бо ҳаммуаллифии аксарияти мутлақи кишварҳои узви СММ – 190 кишвар пешниҳод шуда буд, қабул гардид;

  • Дар ин рӯзи соли 1953 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нишони сарисинагии «Аълочии милитсия» таъсис  ёфт;
  • 23 декабри соли 1972 бар асари заминларза пойтахти Никарагуа – Манагуа хароб гардида, зиёда аз 10 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд;
  • Соли 1947 нахустин транзистори қувватфизо (асбоби нимноқилӣ барои тақвият, табдил ва ҳосил кардани сигналҳои электрикӣ) сохта шуд.

Ҳамчунин, 23 декабр  дар Япония –Рӯзи мавлуди император ва дар Шветсия иди миллӣ- Рӯзи таваллуди Маликаи Силвия қайд карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *