Хушгӯиҳои Убайдулло Раҷабову Раҳмондӯсти Қурбониён, таронаҳои марғуби Мастона Эргашеваву Хосиятбону ва дигар мутрибон, шеърхониҳои Назокату Шоира ва Зарафшони Хуросонӣ дар ҳошияи ин ҷашни ниёгон бори дигар ба минбари воқеии фарҳангиёни кишвар будани “Шабакаи “Фарҳанг” – и Радиои Тоҷикистон гувоҳӣ дод.
Дар суҳбат гуфта шуд, ки Шаби Ялдо ё шаби Чилла дарозтарин шаби аввали моҳи Дай ва яке аз ҷашнҳои қадими мардумони ориёист, ки тибқи ривояти муаррихон ба муносибати зодрӯзи худои Меҳр ё Митра баргузор мешуд.
Мувофиқи тақвими эронӣ шаби 22 декабр милоди Меҳр аст, зеро аз ҳамин вақт сар карда, рӯзҳо дарозтар ва тобиши офтоб бештар мегардад. Ин шабро инқилоби зимистонаи Офтоб низ мегӯянд, чунки маҳз дар ин шаб Офтоб аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика мегузарад ва рӯзи аз ҳама кӯтоҳу шаби аз ҳама дароз ба вуҷуд меоянд.
Ҷонибек Асрориён, сармуҳаррири Радиои Фарҳанг ва муаррихи барҷаста, гуфт, вожаи «ялдо» аз забони сурёнӣ буда, маънои валодат ё таваллудро дорад. “Яъне, дар ин шаби дарозтарини сол Меҳр таваллуд шудааст ва аз ҳамон замони зода шудани ӯ рӯзҳо ба дарозшавӣ сар мекардаанд”, — гуфт Ҷонибек Асрориён.
Дар бисёр манотиқи Тоҷикистон мардум зимистонро ба ду чилла: калон ва хурд ҷудо мекунанд ва шаби нахустини чиллаи калонро ба Шаби Ялдо баробар медонанд. Аз ин хотир, таъбири «шаби чилла» низ дар гуфтори мардум роиҷ аст. Дар ин шаб ғизоҳои махсус тановул карда, амалу одатҳои суннатиро иҷро менамоянд. Дар рӯйи дастархон меваҳои сурхранги себ, анор, ангур ва қанду мағзу мавиз мегузоранд. Яке аз неъматҳои шартии ин дастархони ҷашнӣ тарбуз (ҳиндувона) мебошад. Аз таомҳо мурғ бештар тановул мегардад. Ҳар як мева ё ғизое, ки дар хон гузошта мешавад, рамзи хоссеро ифода мекунад. Чунончи, ранги сурхро ҳамчун рамзи шафақ ва тулӯъи офтоб, яъне таваллуди хуршед маънидод мекунанд.
Ба гуфти Асрориён шаби Ялдо дар кишварҳои аврупоӣ ба зодрӯзи Исои Масеҳ табдил ёфт ва то имрӯз идома дорад. Ҳаҷвнигори маъруфи кишвар Убайдулло Раҷабов, ки аз меҳмонони ин нишаст буд, зимни суҳбат гуфт, ҳанӯз ҳам баъзе анъанаҳои Шаби Ялдо миёни сокинон боқӣ мондааст. “Пора кардани тарбуз ва он ҳам дар шаби Ялдо барои мардуми тоҷик расм буд”, — гуфт ин ҳунарманди машҳур.
Лутфулло Давлатов, дирекори Театри давлатии академии драммавии ба номи А. Лоҳутӣ гуфт, онҳо дар хурдӣ ин шаби дарозтаринро бо аҳли хонавода ҷашн мегирифтанд ва дар ин шаб падараш бештар Шоҳномахонӣ мекард. Ба гуфти Раҳматулло Ҳошимов,писари хунёгари маҳбуб Одина Ҳошим, дар хурдӣ маҳз дар ин шаб падарашро ба маҳфилҳо мебурданд ва ӯ то тулӯи офтоб ҳофизхонӣ мекард.
Ҳамин тавр, давоми 5 соат дар пахши мустақими Шабакаи “Фарҳанг” ҳунармандони маъруф Убайдулло Раҷабов, Қурбони Собир, Муҳаммадҷони Шодӣ, Лутфулло Давлатов, Раҳмондӯсти Қурбониён, шоирон Шоирабонуи Раҳиммҷон, Назокат Олимзода, Зарафшони Хуросонӣ, мутрибон оилаи Ҳошимовҳо, Хосияти Зарафшонӣ, Фарҳоди Дарё, Шуҳрат Сайнаков, кормандони Институти астрофизика, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ва ширкати шунавандаҳо шаби Ялдо таҷлил карда шуд.
Ҳамзамон, ҷараёни ин ҷашн ба таври мустқим дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карда шуд, ки ҳаводорони зиёд аз он ба хушӣ истиқбол карданд. Ин иқдом нахустин набуда, давоми 5 сол аст, ки дар Шабакаи “Фарҳанг” амалӣ карда мешавад.
http://farhangfm.tj/