Ахбори ВКД: Садама, авбошӣ ва бозиҳои хусусияти зӯроваридошта

Садамаи маргбор

Сокини ноҳияи Ш.Шоҳин Зиёвуддин Ҳасанов рӯзи 19 декабри соли 2020 ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Наҷмуддинов Карим – сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст, ки дар натиҷа, Наҷмиддинов К.С. ҷароҳатҳои вазини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи ноҳия бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Кордзанӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 19 декабри соли 2020 шахси номаълум дар назди роҳи автомобилгарди деҳаашон бо писараш муноқиша карда, бо корди кисагӣ (финка) 1 маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи сокини ноҳияи Шаҳринав бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Ҳамзамон, сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 220 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Маълум карда шуд, ки номбурда 20 декабри соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ ба ҷойи кори сокини дигари пойтахт (муҳофизатчии таваққуфгоҳ) ворид гардида, муноқиша кардааст. Аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар бе-морхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Машғул шудани ноболиғон ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта

Кормандони шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои ба камолоти маънавии наврасону ҷавонон халалворидкунанда, аз ҷумла шабгардӣ, машғул шудани ноболиғон ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта ва санҷиши нуқтаҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратие, ки ҷамъшавии наврасону ҷавонон ҷой дорад дар самти риояи тавсияи табибон дар давраи паҳншавии пандемияи «Covid-19» рейдҳои шабона ва рӯзона гузарониданд.
Натиҷаи рейдҳои шабона ва рӯзона нишон дод, ки меъёрҳои манъкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро на ҳама волидайн риоя мекунанд. Масалан, шабона баъди соати муқаррарнамудаи қонун 4 нафар ноболиғ се нафар хонандаи Гимназияи №4 ва як нафар хонандаи Гимназияи №13-и шаҳри Хуҷанд аз дохили маркази пешбурди бозиҳои компютерӣ берун оварда шуданд. Ё ин, ки рӯзона 7 нафар хонандаи Гимназияи №4 машғули бозиҳои хусусияти зӯроваридошта муайян шуд, ки бо лавозимоти дарсӣ онҷо қарор доштанд.

Ҳамчунин, дар рафти рейди рӯзона дар вақту соати дарсӣ ҷойи таҳсилу касбомӯзӣ дилхушии ҷавонони донишҷӯ дар марказҳои бозии компютерӣ милитсияро бетараф нагузошт. Донишҷӯёни майл ба бозиҳои хусусияти зӯроваридошта 13 нафар аз ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, факултетҳои молия, физика, технология, 1 нафар аз факултети «Молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ»-и Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, се нафар муҳассилини Литсейи касбӣ техникии №31 шаҳри Хуҷанд ва 7 нафар аз Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон мавриди корбарии милитсия қарор гирифтанд. Маълумоти мазкур баҳри пешгирӣ аз таъсири манфӣ ба сифати таълиму тарбия ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод гардид.
Ҷиҳати пешгирӣ аз кирдорҳои зидиҳуқуқӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ҳамингуна чорабиниҳо дар дигар самтҳои ба таълиму тарбия ва ҳаёту фаъолияти наврасону ҷавонон алоқаманд гузаронида хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *