Ҳам кор ва ҳам дарс. Иқдоми Амонзода ба мардикорони Бохтар

Ширин Амонзода – вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо занони корҷӯёи “мардикорбозор”-и шаҳри Бохтар суҳбати озод намуда, пешниҳод кард, ки барои соҳибтахассус ва бо ҷойи кории доимӣ таъмин гардидани онҳо курсҳо ташкил карда шаванд.
Ин хабар дар саҳифаи фейсбукии вазорат мунташир шуд ва дар он омадааст, ки зимни суҳбат бо корҷӯёни шаҳри Бохтар Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибтахассус ва бо ҷойи кории доимӣ таъмин гардиданаишон ба онҳо курсҳои касбомӯзӣ, махсусан, қаннодӣ, бофандагӣ, дузандагӣ, ороиши мую рӯй ва омоданамоии таъомҳои миллӣ пешниҳод намуд.
“Иқдоми мазкурро корҷӯёни шаҳри Бохтар ба хуши истиқбол намуда, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон вазифадор гардид, ки рӯйхати корҷӯёнро омода намуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат курсҳои омӯзишии мазкур ба роҳ монда шавад”,-омадааст дар хабар.
Тибқи нақша дар ҳолати амалӣ шудани ин пешниҳод, занҳои корҷӯ ҳафтае се маротиба ба курсҳо рафта, боқӣ ба фаъолияти меҳнатияшон идома медиҳанд.
Бояд гуфт, ки барои корҷӯёни шаҳри Бохтар аз ҳисоби мардон Ширин Амонзода даъват ба амал овард, ки дар марказҳои калонсолони шаҳри Бохтар ва Кӯшониён курсҳои омӯзишии гуногун пешниҳод карда мешавад, ки онҳо баъди таҳсил соҳиби тахассус гардида, дар минбаъда фаъолияти корӣ метавонанд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, аз рӯи ихтиссос фаъолият намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *