Имрӯз сешанбе, 22 декабри соли 2020 аст.
Обу ҳаво
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шабонарӯзии 22 декабри соли 2020 дар Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво -4+1, рӯзона 0+5° гарм мешавад. Дар маркази вилоят шаҳри Бохтар бошад, ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 4+6° гарм ва дар шаҳри Кӯлоб шабона -1+1°, рӯзона 3+5° гарм мешавад.
Ҳавои тағйирёбандаи беборишро имрӯз дар шаҳри Хоруғ пешгӯӣ мекунанд. Ҳарорати ҳаво шабона 12-14° хунук, рӯзона 6-8° хунук мешавад. Дар ноҳияи Мурғоб шабона 33-35° хунук, рӯзона 16-18° хунук мешавад. Ҳамин тавр ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 11-16 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 4-9° хунук, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 25-30 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 33-38 хунук, рӯзона 16-21° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 23-28 хунук мешавад.
Агентии обуҳавошиносӣ ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғдро тағйирёбанда гуфтааст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9° хунук, рӯзона -4+1° мешавад. Дар шаҳри Хуҷанд тумани суст мефарояд. Ҳаво шабона -1+1, рӯзона 3+5° гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе эҳтимоляти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар буда, туман мефарояд. Ҳаво шабона -1+1° хунук, рӯзона 5+7° гарм мешавад. Дар умум, дар НТҶ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.
Қурби асъор
1 USD – 11.3000 сомонӣ;
1 EUR – 13.7758 сомонӣ;
1 RUB – 0.1495 сомонӣ.
Тақвими рӯз
22 декабр дар Тоҷикистон Рӯзи энергетика қайд карда мешавад. Бояд гуфт, ки шурӯъ аз соли 1936, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабр Рӯзи энергетикҳо таҷлил мегардад.
Солҳои охир рушду нумӯи соҳаи энергетика дар ҷумҳурӣ афзалият пайдо карда, афзудани тавлидоти неруи барқ сабаб гардид, ки соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқ, аз ҷумла саноат рушд ёбанд.
Тавре медонем, аз солҳои сиюм дар Тоҷикистон сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва бунёди инфрасохтори он оғоз ёфтанд. Дар даврони Шӯравӣ Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқ мутараққӣ табдил ёфт. Бунёди силсилаи неругоҳҳои барқи обии «Варзоб», «Вахш», «Қайроққум» ва неругоҳҳои пуриқтидори «Норак» ва «Бойғозӣ» иқтидори истеҳсолии барқро дар мамлакати мо хеле афзун намуд ва тамоми ҷумҳурӣ электрикунонида шуд.
Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалӣ шудани сиёсати энергетикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки сол то сол таъминоти мардум бо неруи барқ беҳтар гардад.
Дар ин солҳо ба истифода додани НБО «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2», хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Сангтӯда — Лолазор», «Сангтӯда – НБО-и Сарбанд», «Қайроққум-Ашт», «Айнӣ –Панҷакент», «НБО-и Роғун» -Зеристгоҳи «Душанбе-500», таҷдид ва иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ сабаби таҳкими иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқ дар ҷумҳурӣ гардид.
Ба кор даровардани ду агрегати НБО «Роғун» воқеаи муҳими таърихӣ ва сиёсӣ буд. Халқи тоҷик дар атрофи Сарвари худ муттаҳид шуда, аз ин имтиҳони муҳими таърих гузашт ва ормони миллии мо, тоҷикон амалӣ гардид;
Ҳамчунин, 22 декабр дар Мексика Рӯзи мотами миллӣ, Рӯзи модар дар Индонезия ва дар Ҳиндустон Рӯзи миллии математика қайд карда мешавад.