Аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномае, ки аз сӯи Тоҷикистон ва Нидерланд бо ҳаммуаллифии аксарияти мутлақи кишварҳои узви СММ – 190 кишвар пешниҳод шуда буд, қабул гардид.
Лоиҳаи қатънома таҳти унвони “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, ки ба қатъномаҳои қаблии Маҷмаи Умумии СММ роҷеъ ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” такя менамояд, таъкид мекунад, ки захираҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани фақру гуруснагӣ аҳаммияти ҳаётӣ доранд. Қатънома ҳамчунин бо нигаронӣ зикр менамояд, ки тағйирёбии иқлим аз омилҳое мебошад, ки метавонад ба шиддати норасоии об дар саросари ҷаҳон боис шавад ва дар ин росто зарурати таҳияи роҳбурдҳои созгорӣ ба тағйирёбии иқлимро барои ҳалли мушкилоти марбут ба об таъкид мекунад.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар бахши амалиётии қатънома қарор дар бораи аз 22 то 24 марти 2023 дар Ню-Йорк баргузор кардани Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири рафти татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Конфронси СММ-2023) таъйид гардида, пешниҳоди ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Нидерланд бобати мизбонии муштараки ин конфронс мавриди истиқбол қарор гирифтааст.
Шоёни зикр аст, ки дар ҷараёни Конфронси СММ-2023 қарор аст дар баробари дигар мушкилоти марбут ба захираҳои об, ба рушди устувор ва мудирияти якпорчаи захираҳои обӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва муҳитизистӣ, татбиқ ва тарғиби барномаву тарҳҳои марбута, инчунин таҳкими ҳамкорӣ ва шарокат дар ҳама сатҳҳо ба манзури мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои обӣ, аз ҷумла ҳадафҳое, ки дар Рӯзномаи СММ оид ба рушди устувор барои давраи то соли 2030 бозтоб ёфтаанд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.