7 голи беҷавоби Ливерпул дастаро ба зинаи аввал баровард

Дар  даври 14-уми мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол  тими «Брайтон» дар майдонаш  дастаи  «Шеффилд Юнайтед»-ро пазирои кард. Дар нимаи авали бози ҳарду  даста  талош карданд, ки ба задани гол даст ёбанд, аммо  бе натиыа анҷом ёфт. Дар нимаи  дуюми  бозӣ  бозингарони ҳарду  даста ба дарвозаи якдигар як голи зада  бозиро бо ҳисоби мусовӣ 1:1 ҷамъбаст карданд.

Дар ин росто ёдовар мешавем, ки шогирдони  Жозе Мауринио  то даври 14-уми мусобиқа дар ҷадвал пешсаф буданд.  Дар ин давр тими «Тотенхэм»  дар  майдонаш  дастаи «Лестер»-ро  пазирои кард. Соҳибони майдон дар нимаи аввал хеле фаъолона бози карданд, аммо дар дақиқаҳои охир ҳимоятгарони дастаи «Тотенхэм» қоидаи бозиро дар назди  ҷаримагоҳи худ  дағалона вайрон карда, довари бози ҷармаи 11 метра эълон кард, ки онро Ҷеймс Варди ҳадафмандона  иҷро кард. Дар нимаи дуюми бозӣ  ҳимоятгари дастаи  «Тотенхэм» Тони Алдеовейрелд иштибоҳан  тубро ба дарвозаи  худ ворид карда, ҳисоби  голҳоро 0:2 кард. Аммо то анҷоми бозӣ шогирдони Жозе Мауринио  талош карданд, ки  ба дарвозаи рақиб  гол заданд, вале натавонистанд. Ҳамин тариқ дастаи «Лестер»  тими «Тоттенхэм»-ро бо натиҷаи  0:2 шикаст дод. Баъди ин шикаст дастаи «Тоттенхэм» аз  зинаи аввал ба зинаи 5-ум гузашт.   Дастаи «Лестер» бошад, мавқеи худро дар зинаи дуюм мустаҳкамтар кард.

Бошишгоҳи «МЮ» гарчанде дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо корашон  омад накарда бошад, дар ин мавсими ПЛА фаъолияти  хуб доранд. Дар ин давр шогирдони Оле Гунар Сулшер дар майдонашон   дастаи «Лидс»-ро пазирои карда, ба  дарвозаи  рақиб 6 гол заданд. Ба 6 голи  соҳибони майдон дастаи меҳмонон ду голи ҷавобӣ заданд. Баъди пирӯзӣ  тими «МЮ» ба зинаи сеюми ҷадвал баромад.

Тими «Астон Вилла» дар сафар  дастаи  «Вест Бромвич»-ро бо натиҷаи 0:3 мағлуб кард.  Яке аз бозиҳои ҷолиби даври 14-уми ПЛА  ин рақобати дастаҳои  «Кристал Пэлас» ва «Ливерпул» ба ҳисоб мерафт.  Шогирдони Юрген Клопп ба дарвозаи рақиб  7 голи беҷавоб заданду ба зинаи  аввали  мусобиқа баромаданд.

Бошгоҳи «МС» бошад, дар сафар  бо тими «Саутгептон» дидор анҷом доданд. Шогирдони Хосеп Гвардиола тими рақибро бо ҳисоби минимали 0:1 шиикаст доданд. Дастаи «Арсенал» дар ду даҳсолаи охир бори аввал баъди 14- даври мусобиқа дар зинаи 15-ум қарор дорад, ки ин натиҷа антирекорд барои  тими мазкур ба ҳисоб меравад. Дар ин давр шогирдони  Микел Артета дар сафар бо дастаи «Эвертон» майдондорӣ карда, бо натиҷаи 2:1 мағлуб гардиданд.   Дастаи «Нюкасл» дар майдонаш  тими « Фулхэм»-ро пазирои карда,  бозиро бо натиҷаи 1:1  ҷамъбаст намуд.

шореҳ

Ғоибов  С.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *