Рушди муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гашт

21 декабри соли 2020 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои Oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот намуд.

Дар ин дидор ҷанбаҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла дурнамои рушди муносибатҳои муштараки кишварҳои дӯсту ҳамҷавори Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифта,  таъкид шуд, ки густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Афғонистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин ду кишвар чун давлатҳои соҳибистиқлол, ба пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ, суннатҳои таърихии дӯстӣ ва ҳамсоягии нек такя намуда, муносибатҳои байнидавлатии худро дар сатҳи сифатан нав пеш мебаранд.

Сомонаи Маҷлиси намояндагон ҳамчунин, хабар додааст, ки дар мулоқоти ҳайатҳо ҳамчунин доир ба мавқеи геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, табодули таҷрибаҳо дар самти қонунгузорӣ ва раванди кори гурӯҳҳои дӯстии байнипаарлумонӣ сухан рафта, Раиси Маҷлиси намояндагон махсусан таъкид намуд, ки Афғонистон ва Тоҷикистон дар қалби қитъаи Осиё ҷой гирифта, пайвандгари минтақаҳои бузурги дунё маҳсуб мешаванд.

“Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ, бахусус бо кишвари бародари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гӯруҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад”, гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Дар навбати худ раиси Шӯрои Oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *