Зуком ё коронавирус? Фарқ байни ҳарду дар чист?

 

Ба гуфтаи сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои шуш Ҳакимахон Ахмедова зуком (грипп) ва Covid-19 бемории вирусӣ буда, аломатҳои ба ҳамдигар монанд доранд. Баландшавии ҳарорат, дарди гулӯ, пайдошавии сулфа ва беҳолӣ  аломатҳое мебошанд, ки ҳам хоси зуком ва ҳам Covid-19 ҳастанд.  Вале дар баробари нишонаҳои якхела доштан метавон онҳоро аз ҳамдигар фарқ намуд.

“Фарқияти якуми  беморӣ- ин давраи  инкубатсионӣ мебошад, ки дар зуком он хеле кӯтоҳ 2-3 рӯз ва дар Covid-19 аз 2 то 14 рӯзро дарбар мегирад. Фарқияти дуюм оғози беморӣ мебошад, ки дар ҳолати зуком шадид ва ҳарорати бадан аз 38,5 боло мешавад. Дар Covid-19    ҳарорат якбора баланд намегардад.  Ҳангоми гирифтори бемории коронавирус шудан ҳарорати бадан аз 37,1 то 37,5 шуда, дар вақти аз ҳолати миёна ба вазнин гузаштани беморӣ баъд аз 4-6 рӯз  баландшавии ҳарорат аз 38,5 боло мебарояд»,-иброз медорад Ахмедова Ҳ.

Ин духтури  пулмонолог  илова намуд, ки дар ҳолати коронавирус сулфа хушк буда, дар вақти зуком сулфа бо ихроҷи ками балғам  мушоҳида мешавад. Дар ҳолати зуком обреза аз бинӣ ва атсазанӣ  ба амал меояд, дар Covid-19  баъзан вақт ҳолати ками обравии бинӣ бидуни атсазанӣ дида мешавад.  Гумшавии ҳисси бӯй ва мазза танҳо дар коронавирус ба мушоҳида расида, он хоси зуком намебошад.

«Муҳимтар аз ҳама, агар бемории зукомро дар хона  табобат кунем, дар муддати 2-3 рӯз он пурра бартараф шуда,  пневмония  зуҳур намекунад. Агар пневмония пайдо шавад ҳам, як қисми шушро ба илтиҳоб гирифтор мекунад. Дар ҳолати пневмонияи коронавирусӣ илтиҳоб дутарафа шуда, пурра шушро фаро мегирад», – илова намудааст ӯ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *