Дар Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Темурмалик дар сатҳи зарурӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя нашуда, масрафшавии барзиёди қувваи барқ ошкор гардид.
Аз тарафи гурӯҳи кории Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД оид ба бурдани чорабиниҳои зиддисӯхторӣ ва пешгирии масрафшавии барзиёду истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ дар вилояти Хатлон муайян карда шуд, ки дар мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукури ноҳияи Темурмалики минтақаи Кӯлоб, ки дар он 105 нафар тарбиятгирандагон мебошанд, дар баробари дар сатҳи зарурӣ риоя нашудани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, инчунин ба масрафшавии барзиёди қувваи барқ роҳ дода мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуотии ВКД хабар додаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар биноҳои маъмуриву таълимӣ ва хобгоҳи муассиса аз асбобҳои барқии дар ҳолати садамавӣ қарордошта, истифода шуда, воситаҳои гармидиҳандаи алтернативӣ надоранд. “Чунин ҳолат дар баробари ба вуҷуд овардани сарбории зиёд дар хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва эҷод намудани хавфи сӯхтору таҳдиди он ба ҳаёту саломатии тарбиятгарандагону кормандон, инчунин тибқи иттилои масъулини муассиса боиси он шудааст, ки маблағи қарзи истифодаи қувваи барқ зиёда аз 140 ҳазор сомониро ташкил намудааст”, – омадааст дар хабар.
Ҳамчунин, дар мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори №1-и ноҳияи Восеъ низ, дар баробари ошкор шудани сабабу омилҳои зиёди хавфи ба амал омадани сӯхтор, инчунин бо сабаби истифода нашудани воситаҳои гармидиҳандаи алтернативӣ, масрафшавии барзиёди қувваи барқ, бар асари истифодаи зиёди асбобҳои барқии аксарияташон ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуда, ҷой дорад.
Гуфта мешавад, ки аз тарафи гурӯҳи корӣ дар Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сили №2-и шаҳри Кӯлоб низ санҷиш гузаронида шуд ва маълум гардид, ки дар ин муассиса ҳам ҳолатҳои дар сатҳи зарурӣ риоя нашудани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ба чашм расида, масрафшавии барзиёди қувваи барқ ошкор гардид.
“Бинобар сабаби камбудиҳои ҷойдошта, аз тарафи ХДО ВКД қарор дар бораи муваққатан боздошти фаъолияти муассисаҳое, ки эҳтимолияти хавфи сӯхторро дар пай доранд, бароварда шуд”.