Дар Конфронси ҳисоботӣ-интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ такрорӣ ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои як давраи сеюми чорсола интихоб шуданд.
Тавре ФФТ навиштааст, Президенти навтаини Федератсияи футболи Тоҷикистон зимни баробад таъкид доштаанд, ки Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон будан барои ман масъулияти бузург аст. Соли оянда Тоҷикистон 30-солагии истиқлолияти кишварро ҷашн мегирад. Ин як воқеаи бузургест барои тамоми кишвар. Вобаста ба ин солгард, дар ҳама минтақаҳо чорабиниҳои бештар ва мусобиқаҳои варзишӣ заруранд.
Дар Конференсия ҳамчунин тибқи таҳрири нави Оиннома, 15 нафар аъзои кумитаи иҷроияи ФФТ интихоб шуданд. Ба ҳайати нави кумитаи иҷроияи ФФТ Рустами Эмомалӣ, ноиб-президентҳо Хуршед Мирзо, Дилшод Ҷуразода, Алишер Урунов ва инчунин Шоҳрух Саидзода, Раҷаббой Аҳмадзода, Қурбон Ҳакимзода, Абдулло Раҳмонзода, Аҳтам Абдуллозода, Шариф Назаров, Бароталӣ Ҳамидзода, Анваршо Мирзоев, Фарҳод Сайфиддинов, Нурҷаҳон Исмоилзода ва Фатҳулло Ҷалилов шомил гардиданд.