Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 9 декабри соли 2020 ронандаи автомашинаи номаълум, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Элмуродов Зиёдуллоро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия маълум карда шуд, ки гумонбар Нозимов Тоштемур – сокини ҳамин шаҳр буда, аз рӯйи ҳодисаи мазкур нисбаташ парванда боз шудааст.
Суханони ноҷо ва озори роҳгузар
Кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Бобобеков Хушбахт – ронандаи автомашиинаи тамғаи «Опел астра», рақами қайди давлатиаш 0061 вн 01-ро дастгир кардаанд, ки нисбати ӯ ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли навори видиоӣ ба мақомот шикоят бурдааст.
Тасдиқ шудааст, ки гумонбар санаи 4 декабри соли ҷорӣ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба воситаи автомашинаи худ ҷавонзанро таъқиб намуда, бо суханони ноҷо мавриди озор қарор додааст.
“Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати ҷавони дағалгуфтор Бобобеков Хушбахт тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд аз санаи 8 декабри соли ҷорӣ нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 406 сомонӣ татбиқ карда шуд”, – омадааст дар хабари РВКД дар шаҳри Душанбе.