То имрӯз дар номинатсияи хондан ва аз бар кардани осори адибони муосири тоҷики Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 34 нафар довталаб аз аз ВМКБ, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон баромад намуданд.
Ба андешаи яке аз доварони ин номинатсия – шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким аз миёни 34 нафар танҳо 5 нафари онҳо фаъол буданд ва тайёрии иштирокчиён нисбат ба соли гузашта суст ба назар мерасад. Аскар Ҳаким сабаби чунин ҳолатро аз рӯи дастурамал тайёр набудани иштирокчиён арзёбӣ кард.
Аммо иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи донои китоб аст» Бобозода Сафармоҳ аз ноҳияи Ёвон, ки соли гузашта аз рӯи номинатсияи хондан ва аз бар намудани осори адибони килассик дар даври ҷумҳуриви сазовори ҷои дуюм гардида буд, мегӯяд, ки озмуни имсола хело ҷиддӣ буда, аз ҷониби ҳакамон саволҳо зиёд ва мушкил пешниҳод мешаванд.
Бояд гуфт, ки аз рӯи низомномаи озмун дар ҳар як номинатсия 7 нафар аъзои ҳакамон аз ҳисоби олимон, адибон ва устодони шинохтаи мамлакат дониши иштиркчиёнро баҳогузорӣ мекунанд. Ҳамзамон оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии Ковид 19 аз ҷониби масъулин чораҳои беҳдоштӣ риоя гардида иштирокчиён ба таври фосилавӣ ва ниқоби муҳофизатӣ вориди толор мешаванд.
Гулрӯ Ниёзова,
Радиои “Тоҷикистон”