Зани тоҷик ғолиби озмуни байналмилалӣ шуд

Аспармо Мавлоназарова ғолиби намоишгоҳи виртуалии “Беҳтарин армуғони ҳунармандии омодашуда дар давраи пандемия” гардид.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар гуфтааст, ки  санаи 4 – 5 декабри соли 2020 дар Ассамблеяи генералии Шӯрои байналмилалии ҳунармандон ғолибони намоишгоҳи виртуалии “Беҳтарин армуғони ҳунармандии омодашуда дар давраи пандемия” муайян гардиданд, ки ба қатори онҳо ҳунарманди тоҷик Аспармо Мавлоназарова бо намоиши ҷуробҳои бадахшонӣ шомил буд.

Гуфта мешавад, ки ҳунарманд дар озмун бо тахаюли рангини эҷодиаш дар ҷуробҳои бадахшонии ба намоишгузошташуда сифати баланди рамзи ЮНЕСКО – ро инъикос намуд ва ғолибиятро ба даст овард.

Бояд гуфт, ки Аспармо Мавлоназарова қаблан низ дар яке аз намоишгоҳҳои бузурги байналмилалӣ бо намоиши тоқии бадахшонӣ соҳиби ҷоизаи ЮНЕСКО гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *