Форуми байналмилалии Душанбе оид ба имкониятҳои сайёҳии устувор баргузор гардид

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе — 2026 доир гардид.

Форумро муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ҳусни оғоз бахшида, доир ба имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва инфрасохтори сайёҳӣ ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.

Ба таъкиди номбурда, яке аз имкониятҳои асосии Душанбе сайёҳии таърихию фарҳангӣ буда, дар шаҳр осорхонаҳо, ёдгориҳо, марказҳои фарҳангӣ ва намунаҳои меъмории муосир, бахусус, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостоншиносӣ, Осорхонаи этнографӣ, хона-музейҳои устод Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, Театри миллии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ», инчунин маҷмааи фарҳангии «Кохи Наврӯз» ва дигар мавзеъҳо ҳамчун объектҳои ҷолиби сайёҳӣ мебошанд.

Ҳамчунин, дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиёни дигари форум як паҳлуи сайёҳии шаҳри Душанбе ва имкониятҳои нави он барои баррасӣ пешниҳод гардид.

Дар фарҷом миёни иштирокчиён доир ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифт.