Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ — CARC 2026 дар Душанбе оғоз гардид

Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ — CARC 2026 дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз намуд.

Дар конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, идораҳои роҳдорӣ, ширкатҳои роҳсозию консалтингӣ, инчунин олимони соҳаи роҳдорӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон иштирок доранд.

Конфронси мазкур то 26 сентябри соли равон идома карда, дар доираи он масъалаҳои муҳим оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи роҳдорӣ ва логистика, мубодилаи таҷриба, истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба роҳдорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардида, самтҳои ояндаи рушди инфрасохтори устувори роҳҳо муайян карда мешаванд.