Имрӯз, 24 сентябри соли 2026, дар шаҳри Душанбе бори аввал панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ (CAPIF-5) ба кори худ оғоз кард.
Чорабинӣ дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza Dushanbe» аз ҷониби Феҳристи минтақавии интернетии Аврупо, Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ (RIPE NCC) дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Тоҷиктелеком» ва бо дастгирии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, рӯзҳои 24–25 сентябр идома хоҳад ёфт.
Дар кори форум намояндагони ҷомеаи интернетӣ, провайдерони хизматрасонии интернет, операторони шабака, нуқтаҳои мубодилаи трафики интернет, мақомоти давлатӣ ва сохторҳои танзимкунанда, инчунин коршиносони техникии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо иштирок доранд.
Дар доираи CAPIF-5 дар давоми ду рӯз як қатор панелҳои муҳокимавӣ баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳои рушди инфрасохтори интернет, таҳкими пайвастшавии рақамӣ, мубодилаи трафик, баланд бардоштани самаранокии шабакаҳо ва густариши ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Баргузории CAPIF-5 дар Тоҷикистон барои муаррифии имкониятҳои соҳаи алоқа ва инфрасохтори рақамии кишвар, табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои касбӣ миёни мутахассисони соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад.
