Тайёрӣ ба зимистон дар ноҳияи Тоҷикобод дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад

Ҳасани Давлатхуҷа, муовини аввали раиси ноҳияи Тоҷикобод, иттилоъ дод, ки барои омодагӣ ба давраи зимистон ситоди навбатӣ ташкил карда шуда, дар заминаи он тадбирҳои марбут ба амалӣ намудани нақшаҳои мавҷуда амалӣ карда мешаванд. Маблағгузорӣ бештар ба самти маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳо нигаронида шудааст.

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ангишт ва ҳезум захира карда шудааст, ки 90 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ва шабакаҳои барқии ноҳияи Тоҷикобод низ омодагӣ ба фасли зимистон хуб буда, қуму намак ва сӯзишворӣ захира карда шуда, техникаҳо дар ҳолати хуби техникӣ қарор доранд.

Дар шабакаҳои барқӣ бошад, ҳамаи симчӯбҳои кӯҳна иваз карда шуда, трансформаторҳо таъмир карда шудаанд.

Зимистони ноҳияи Тоҷикобод барвақттар фаро мерасад. Аз ин рӯ, тибқи нақшаи ситоди ноҳиявӣ, масъулони ташкилоту идораҳо вазифадор шудаанд, то аз сарчашмаҳои иловагӣ истифода бурда, захираи ҳезуму ангиштро зиёд намоянд.

Ҷамшед Раҳимбеков,

ноҳияи Тоҷикобод