«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ»

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори бузургдошти устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ — эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.

Дар конференсия донишмандони маъруфи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва доираи васеи муҳаққиқони тоҷик иштирок намуда, вобаста ба мавзӯи конференсия маърӯзаҳо пешниҳод карданд.

Дар оғози конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода суханронӣ карда, иброз намуд, ки устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо эҷоди шеърҳои баландмазмун, сода, равон ва оммафаҳм фарҳанги миллатамонро ғанӣ гардонида, дар рушди адабиёт ва зинда нигоҳ доштани забони форсии тоҷикӣ хизмати бузург намудааст.

Дар идомаи конференсия мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода баромад карда, қайд намуд, ки гарчанде аз мероси пурғановати устод Рӯдакӣ то замони мо ҳамагӣ тақрибан ҳазор байт омада расидааст, аз ҳамин мероси маҳдуд ҳам маҳорати баланди эҷодӣ ва бузургии ӯ ҳамчун шоири тавоно дар тамоми асрҳои баъд аз зиндагии шоир ва барои мо — имрӯзиён — баръало намоён аст.

Ҳамчунин, дар конференсия раиси Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Абдурризо Ҷавон суханронӣ карда, гуфт, ки устод Рӯдакӣ ҳамчун падари шеъри форсӣ бо эҷоди осори нотакрор на танҳо забон, балки фарҳанги муштараки тоҷикону эрониёнро абадӣ гардонидааст.

Бояд гуфт, ки конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ — эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» дар ду бахш идома кард. Зикр гардид, ки конференсияи мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва табодули таҷриба миёни донишварон ва муҳаққиқони осори устод Рӯдакӣ дар Тоҷикистон ва Эрон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.