Санаи 23 сентябри соли 2026 дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон-2026 ифтитоҳ гардид.
Форум майдони махсуси муколама барои ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои нассоҷии давраи пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти тайёр дар кишвар маҳсуб меёбад. Форум бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии истеҳсолкунандагони нассоҷӣ (ITMF) баргузор гардид.
Дар форум зиёда аз 250 нафар аз 20 кишвар иштирок доранд.
Ш. АҲМАД
радиои Тоҷикистон
