22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович,
Шуморо ба муносибати бомуваффақият баргузор гардидани интихобот ба Думаи давлатии Федератсияи Русия — рӯйдоди муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар сидқан табрик менамоям!
Иштироки фаъоли шаҳрвандон дар овоздиҳӣ ва натиҷаҳои он бозгӯи пуштибонии васеи ҷомеа аз сиёсати давлатии пешгирифтаи Шумо мебошад, ки ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Федератсияи Русия ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми он нигаронида шудааст.
Бо истифода аз фурсат, бори дигар азми тағйирнопазири инҷонибро ҷиҳати минбаъд низ нигоҳ доштани сатҳи баланди рушди устувори муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия дар руҳияи дӯстӣ ва шарикии стратегӣ таъкид менамоям.
Ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳои нав ба нафъи шаҳрвандони кишваратон, инчунин, ба мардуми дӯсти Русия сулҳу шукуфоӣ ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям».
