Дар Душанбе ҷаласаи коршиносони СҲИ оид ба саноат идома дорад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи Чорумин вохӯрии вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба саноат, ҷаласаи сеюми Гурӯҳи коршиносони сатҳи баланди созмон оғоз шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа коршиносон масъалаҳои рушди ҳамкориҳои саноатии минтақавӣ, табодули таҷриба, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва муайян кардани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви СҲИ-ро баррасӣ доранд.

Ҳамчунин, иштирокдорон тавсияҳо барои муҳокимаи вазирон ва пешниҳодҳои марбут ба таҳияи нақшаи амал оид ба рушди ҳамкориҳои саноатии кишварҳои узви созмонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Корҳо дар доираи ҷаласа идома дошта, натиҷаҳои муҳокимаҳо барои баррасӣ дар сатҳи вазирони кишварҳои узви СҲИ пешниҳод хоҳанд шуд.