БОХТАР. ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ГАРДИД

Имрӯз, 21 сентябр, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, аъзои ҳайати ҳакамон, иштирокдорони озмун ва волидайни онҳо иштирок намуданд.

Иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи шартҳои муқарраршуда маҳорати худро дар қироат ва азёдгӯии достону порчаҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба намоиш гузошта, барои роҳхат гирифтан ба марҳилаи навбатии озмун рақобат мекунанд.

Тавре масъулон иброз доштанд, ҳадафи асосии баргузории озмун тарғиби осори гаронбаҳои Абулқосим Фирдавсӣ, таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи мероси адабии миллат мебошад.

Ба гуфтаи иштирокчиён, омодагӣ ба озмун ба онҳо имконият фароҳам овардааст, ки бо муҳтавои асари безаволи Фирдавсӣ бештар ошно шуда, дониши худро дар бораи таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ғанӣ гардонанд.

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар вилояти Хатлон аз 21 то 29 сентябр идома меёбад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» яке аз иқдомҳои муҳими фарҳангии кишвар ба шумор рафта, дар таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси адабии ниёгон ва тарбияи насли соҳибмаърифат саҳми муассир мегузорад.

М. Акрамов