«ТОҶИКФИЛМ» ДАР БОРАИ БОРБАДИ МАРВАЗӢ ФИЛМИ ҲУНАРӢ ТАҲИЯ МЕКУНАД

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» ба таҳияи филми ҳунарии «Борбад — сарнавишти хунёгар» оғоз намудааст.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, филм ба ҳаёт ва фаъолияти Борбади Марвазӣ — яке аз бузургтарин нобиғаҳои мусиқии давраи Сосониён бахшида мешавад.

Қисматҳои асосии филм дар мавзеъҳои таърихию фарҳангии Хуҷанд, Балҷувон, Ҳисор ва павилионҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба навор гирифта мешаванд.

Филм зиндагии Борбадро аз даврони кӯдакӣ то расидан ба қуллаҳои баланди ҳунарӣ бозгӯ намуда, ҳамзамон ҳаёти Хусраву Ширин, аҳли дарбор, ҷашни Наврӯз, суннатҳои зардуштӣ, рушди илму ҳунар ва фазои фарҳангии давлати Сосониёнро инъикос мекунад.

Тибқи иттилои манбаъ, яке аз паёмҳои асосии филм ин аст, ки давлатҳо метавонанд аз байн раванд, аммо ҳунари асил ва мероси фарҳангӣ дар хотираи таърих ҷовидон боқӣ мемонад.