Даври сеюми озмун аз 21 то 29 сентябр баргузор шуда, дар он ғолибон ва беҳтарин шоҳномахонон барои муайян намудани натиҷаҳои ниҳоӣ байни ҳам рақобат мекунанд.
Имрӯз дар доираи даври вилоятии озмун миёни хонандагони синфҳои якум то чорум низ рақобат баргузор гардид. Дар ин марҳила беш аз 50 нафар хонанда иштирок намуда, донишу маҳорати худро дар қироати порчаҳо аз «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нишон доданд.
Мастона Муҳидиллозода,
мухбири минтақавии Радиои Тоҷикистон
дар вилояти Суғд
