Мусодираи маводи тарфгарӣ (хлопушка) дар пойтахт
Кормандони милитсияи пойтахт давоми чанд рӯзи охир дар 12-ҳолат зиёда аз 350 000 дона маводи тарфгариро дарёфту мусодира намуданд.
Тавре маркази матбуотии РВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як гурӯҳ ҷавонони пойтахт дастгир шудаанд, ки ба фурӯши маводи пиротехникӣ машғул будаанд. Зимни кофтуков аз номбурдагон зиёда аз 17-ҳазор маводҳои перотехникӣ дарёфту мусодира карда шуд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни як амалиёти дигар аз ҷониби кормандони милитсия аз шаҳрванд Авазбек Эргашев зиёда аз 3500 дона маводи тарфгарӣ бо номи «Трения» мусодира карда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки барои истифодабарии воситаҳои тарфгарӣ аз ҷониби ноболиғон нисбати волидайни онҳо тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои бемасъулиятӣ тартиб дода шуда, чораҳои дахлдори таъсиррасонии қонунӣ андешида мешаванд.
Дуздии 4 телевизор дар Ашт
Ду нафар сокини ҷамоати деҳоти Меҳроби ноҳияи Ашт санаи 5 ба 6 декабри соли 2020, бо роҳи пинҳонӣ вориди як бинои букмекерӣ шуда аз он ҷо 4 адад телевизори тамғаи “Самсунг”-ро дуздида, 5 ҳазору 500 сомонӣ зарари молӣ расонидааанд.
Бино ба иттилои маркази матбуотии ВКД дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбарон дастгир шуда, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.