Бар асоси омори Комиссарияти олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба паноҳандагон ҳоло дар ҷаҳон беш 80 миллион нафар дар вазъияти оворагию паноҳандагӣ қарор доранд ва ин шумора дар соли ҷорӣ бо сабаби буҳрони коронавирус афзудааст.
Филиппо Гранди сардори ин бахши СММ дар як суҳбат ҳушдор додааст, ки агар сарони кишварҳои ҷаҳон ба ҷангҳо хотима набахшанд, ин рақам боз зиёд хоҳад шуд. Тавре DW менависад, охирҳои соли гузашта 79,5 миллион нафар бесарпаноҳ мавҷуд буд ва дабири кулли СММ низ дар замони паҳншавии коронавирус кишварҳои ҷаҳонро ба оташбас даъват кард. Вале идомаи танишу нооромиҳо дар минтақаҳои буҳронзои ҷаҳон боис ба афзоиши оворагону паноҳҷӯён гашт.
Гуфта мешвад, ки дар замони ҳамагирии коронавирус вазъи бесарпаноҳон вазнинтар шуд, зеро дар ин муддат қариб 150 давлат марзҳояшонро бастанду беш аз 90 кишвар паноҳҷӯёнро ба хоки худ роҳ надоданд.
One thought on “Коронавирус вазъи паноҳҷӯёнро бадтар кард”