Ба андешаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар соҳаи истеҳсоли мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ рақобати солим ба назар намерасад ва яке аз омилҳои чунин ҳолат камфаъолиятии сохторҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои бозорӣ ба ҳисоб меравад.
Ин нукта дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум дарҷ гардид ва муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулин оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода, кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуниятро муваззаф намуданд, ки қонунгузории кишварро дар самти инҳисорӣ, иҷозатдиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, инчунин фаъолияти зиддиинҳисорӣ ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати таъмини рақобати солим дар бозори истеъмолӣ ва пурзӯр намудани масъулияти мақомоти ваколатдори давлатӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллиро ба як қатор масъалаҳои ҳалталаб, ки вақтҳои охир боиси муроҷиатҳои зиёди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидаанд, ҷалб намуданд.