Шитхарв Вахон шуд

Аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба деҳоти Вахон иваз  карданд.

Ин тасмим дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки   9 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  баргузор гашт, гирифта шуд. Дар иҷлосия аз тарафи иштирокдорон лоиҳаи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба иваз намудани номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошим ба деҳоти Вахон» баррасӣ ва қабул гардид.

“Ёдовар мешавем, ки якуми декабри соли равон  зимни ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, ки таҳти раёсати раиси он Фарҳод Раҳимӣ  баргузор гардид, лоиҳаи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба иваз намудани номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошим ба деҳоти Вахон» мавриди баррасӣ қарор гирифта буд” – гуфта шудааст дар хабари вобаста ба мавзӯъ.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *