Ташкили Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ

Шурӯъ аз имрӯз Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳар шаҳру ноҳия, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ ба кори худ оғоз кард.

Бояд гуфт, ки дирӯз дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ҷаласаи селектории якҷояи намояндагони сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва ШСХК «Барқи Тоҷик» доир гардид.

Тавре гуфта мешавад, дар рафти ҷаласаи мазкур аз ҷониби намояндагони тамоми сохторҳои иштирокдор ситоди ягонаи ҷумҳуривӣ вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии нерӯи барқ созмон дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *