Дар китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо баҳри фаъолияти муштарак алайҳи зӯроварӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси кумита оид ба масъалаҳои иҷтимои, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пракратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии зуроварӣ иштирок намуданд. Дар кори ҳамоиш нисбати хушунати хонаводаги ва зӯроварӣ дар оила раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳилолбӣ Қурбонзода зикр кард, ки мо ба муқобили чунин як падидаи номатлуб ки ба оила ва шаъну шараф, эътибору эҳтироми инсон лакнат меорад, фаъолона мубориза мебарем. Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки дар 9 моҳи соли равон нисбат ба соли пешин 1444 адад бекоршавии ақди никоҳ кам ба қайд гирифта шудааст.
Ба андешаи муовини яккуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода «бештари занони тоҷик бинобар сабаби тарс аз ҳаёт ё маҳрум шудан аз воситаҳои моддӣ аксар вақт зуроварӣ ва латукубро ки оқибати нохуш дорад таҳаммул намуда барои кӯмак ба мақомоти дахлдор муроҷиат намекунанд ва қурбони хушунат ё манбаи он мегарданд.
Зуроварӣ ва хушунати хонаводагӣ яке аз масъалаҳое мебошад, ки мавриди омӯзиши тамоми ҷомеа гардида на танҳо мушкилоти мардуми тоҷик балки мушкилоти кулли мардуми ҷаҳон мебошад. Албатта ташкил ва баргузории чунин Мизҳои мудаввар аз ҷониби масъулони соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани нақшу мақоми зан дар ҷомеа, пешгирии зуроварӣ дар оила ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои хушунат натиҷаи мусби хоҳад бахшид.
Гулрӯ Ниёзова,
Радиои “Тоҷикистон