Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи панҷ номинатсия бо иштироки 267 нафар ғолиб аз тамоми минтақаҳои мамлакат идома дорад.
Дар наминатсияи чоруми Озмун – “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон” беш аз 61 нафар аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Тавре раиси ҳакамони наминатсияи мазкур Муртазо Зайниддинзода ба Радиои Тоҷикистон иброз дошт, шумораи иштирокчиёни ин номинатсия назар ба соли пешин хеле зиёд аст. Ҳамчунин, дар даври мазкур шавқу завқи иштирокчиён бештар мушоҳида карда мешавад. “ Воқеан ҳам имсол иштирокчиён хеле фаъоланд. Онҳо ба ҳамаи саволҳои доварон посухи қаноатмандкунанда дода истодаанд. Ҳамчунин иштирокчиён ҳунари забондонии худро низ нишон дода, савияи дониши яке аз дигаре беҳтар мебошад”, – илова намуд ӯ.
Аз рафти баргузории наминатсияи чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ” ба мо маълум гардид, ки воқеан ҳар як нафар иштирокчӣ бо шуру шавқ омодагӣ медиданду ба саволҳои аъзои ҳакамон ҷавобҳои дақиқ медоданд. Ҷолибии номинатсияи мазкур бештар дар он арзёбӣ мегардад, ки иштирокчиёни он бо забонҳои гуногун ба саволҳои доварон посух медиҳанд. Раъно Насриддинова, Муродҷон, Шарифамо Одинамамадова ва Сарвиноз Файзуллобекова аз ҷумлаи он иштирокчиёне ҳастанд, ки бо забонҳои хориҷӣ – рӯсӣ ва англисӣ низ озодона суханронӣ менамоянд.
Ҳамин тариқ суолу ҷавоб дар дигар номинатсияҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ” идома дорад.
Нуралӣ Давлат,
радиои “Тоҷикистон”