Эммануэл Макрон президенти Фаронса мегӯяд, ки кишвараш дар заминаи энергетика ҳисоби вижае рӯи технологияҳои ҳастаӣ боз карда ва дар оянда барои таъмини неру ба он такя хоҳад кард.
Ба навишати сомонаи шабакаи хабарии “euronews.сом” Макрон дар ҷараёни боздид аз корхонаи тавлиди реакторҳои ҳастаии “Framatome” дар шаҳри Ле-Крезо воқеъ дар шарқи Фаронса таъкид кард, ки кишвараш дар оянда барои таъмини энергия зимни таваҷҷуҳ ба мулоҳизоти муҳити зист, ҳамчунон ба ҳаракат дар масири ҳастаӣ идома медиҳад.
Президенти Фаронса дар айни ҳол бар зарурати таваҷҷуҳи бештар ба манбаҳои таҷдидпазири неру таъкид карду гуфт, ки тавлиди ин навъи энергия дар кишвараш бояд ба шиддат афзоиш ёбад, зеро ба эътиқоди вай Фаронса дар ин замина ҳануз ба сатҳи матлуб ва мавриди ниёзӣ наздик нашуда аст.
Перзиденти Фаронса дар ҷараёни боздид аз корхонаи тавлиди реакторҳои ҳастаӣ дар Ле-Крезо, ҳамчунин ба сохти киштии нави ҳавопаймобар ишора кард, ки ба гуфтаи вай ҳамчун киштии “Шарл де Голл”, дар он нерӯи муҳаррики атомӣ ба кор гирифта хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки кишти нави ҳавопаймобари Фаронса бо муҳаррики ҳастаӣ то соли 2038 сохта шавад, ки ҳазинаи бунёди он наздики 7 миллиард эвро арзёбӣ шудааст.