Дирӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Истиқлол ва масъулияти шаҳрвандӣ дар шароити ҷаҳони муосир» бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ходимони дин, ҷавонон, бонувон ва фаъолони ҷомеа мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ арзиши Истиқлоли давлатӣ, нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва масъулияти шаҳрвандон дар ҳифзи сулҳу субот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки Истиқлол барои Тоҷикистон танҳо соҳибихтиёрии сиёсӣ нест, балки заминаи рушди давлат ва дар баробари ин масъулияти бузурги ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан ва наслҳои оянда мебошад.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни суханронӣ ба масъалаҳои риояи Конститутсия ва қонунгузорӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, махсусан миёни ҷавонон, мубориза бо экстремизм ва терроризм таваҷҷуҳ намуд. Ҳамчунин истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳушёрии ҷавонон дар баробари таъсири гурӯҳҳои ифротӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар идомаи мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам таъкид кард, ки ҳифзи Истиқлол ва дастовардҳои он аз ҳар як шаҳрванд худшиносӣ, худогоҳӣ ва масъулияти баландро тақозо мекунад. Ба гуфтаи ӯ, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва тарбияи дурусти насли ҷавон аз омилҳои муҳими ҳифзи арзишҳои миллӣ ба шумор мераванд.
Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода низ ба баланд бардоштани маърифати динӣ ва сиёсӣ, риояи қонунгузорӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва пешгирии таъсири ақидаҳои тундрав миёни ҷавонон таъкид намуд.
Дар фарҷоми мулоқот иштирокчиён таъкид карданд, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, корҳои созандагиву ободкорӣ ва саҳми воқеии ҳар як шаҳрванд дар пешрафти кишвар ҳамроҳ бошад.
