МУЪМИНОБОД: ДАЪВАТ БА ҲИФЗИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛ

Дар толори Ҷамоати деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод вохӯрии намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Рудобаи Мукаррам, узви Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Шерхон Салимзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо сокинони ҷамоат дар мавзуи «Ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлол дар раванди ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид.

Намояндагон оид ба дастовардҳо ва пешрафти ҷомеа, сулҳу осоиштагии мамлакат ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар ин давра вазъи иқтисодию иҷтимоии ватани азизамон сол ба сол беҳтар гардида, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат коҳиш ёфтааст. Ин ҳама аз оромии ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллат шаҳодат медиҳад.

Тавре раиси Шурои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода иттилоъ дод, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба қадри сулҳу суботи имрӯза расида, фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва меҳанпарастӣ бештар тарбия намоянд.

Намояндагон чунин вохӯриро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти Тутиён низ баргузор намуда, ба иштирокдорон оид ба дастовардҳои истиқлол ва ҳифзу ҳимояи онҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ маълумот ва тавзеҳот пешниҳод карданд.