АВВАЛИН ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШКАДАИ ТИББӢ — ИҶТИМОӢ БА БОЗОРИ МЕҲНАТ РОҲ ЁФТАНД

Пас аз шаш соли таъсисёбӣ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон нахустин мутахассисони соҳаи тибро ба бозори меҳнат роҳхат дод. Имсол 393 нафар донишҷӯи ин муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 11 нафар бо дипломи аъло, бори аввал донишкадаро хатм карда, соҳиби диплом шуданд.

Тавре зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон Заррина Ибодзода иттилоъ дод, муассиса соли 2020 таъсис ёфта, имсол аввалин хатмкунандагони худро ба ҳаёти касбӣ гусел кард. Ба гуфтаи ӯ, хатмкунандагон барои фаъолияти касбӣ ва хизмат ба халқу миллат омодаанд.

Дар баробари донишҷӯёни кишвар, дар донишкада теъдоди зиёди донишҷӯёни хориҷӣ низ таҳсил мекунанд. Аз 404 донишҷӯи хориҷӣ 22 нафар имсол донишкадаро хатм карда, соҳиби диплом шуданд.