Ҳамасола дар остонаи соли нави таҳсил муассисаҳои таълимии кишвар аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад. Ин раванд ҳоло дар саросари кишвар идома дошта масъулин кушиш доранд, ки барои хонандагон шароити заруриро фароҳам оваранд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт корҳои омодагӣ ба соли нави таҳсил бо маром идома доранд.
Ободонӣ, таъмири синфхонаҳо ва таъмини шароити мусоиди таълиму тарбия аз таваҷҷӯҳи ҳамарӯзаи масъулон шаҳодат медиҳад. Азизбек Боронов, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 — и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, оид ба раванди корҳои омодагӣ иброз дошт, ки тамоми синфхонаҳои муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд: «Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимимяти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои таъмири муассиса маблағҳо ҷудо карда шуданд ва корҳои таъмиру тармим ба анҷом расида истодааст ва муассиса ба соли нави хониш пурра омода гаштааст. Инчунин мо ҳуҷҷатгузории муассисаро ба соли нави хониш омода кардем. Фаъолияти соли гузаштаи муассисаро таҳлил карда, камбудиҳоро муайян намуда барои соли нави таҳсил нақшаи кории муассисаро таҳия намудаем.
Тамоми иттиҳодияи методии муассиса, тамоми кормандони педагогии муассиса омодагӣ дида истодаанд барои соли нави таҳсил». Дар баробари Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, масъулини муассисаҳои дигари ноҳия низ ба соли нави хониш омодагии ҳамаҷониба доранд. Алишер Раҷабализода, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ қайд кард, ки 51 синфхонаи муассиса барои таълиму тарбияи насли наврас пурра омода гардида, аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст: «Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои соли таҳсили 2026-2027 пурра омода аст.
Мизу курсиҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошанд. Фазои синфхона бо аёниятҳо таъмин аст. Роҳравҳои муассиса ва инчунин ҳоҷатхонаҳо пурра аз таъмири косметикӣ бароварда шудаст. Гирду атрофи муассиса бо гулҳои ороишӣ ва мавсимӣ пурра таъмин карда шудаанд. Китобҳои дарсӣ, аёниятҳои таълимӣ пурра омодаанд ва китобҳо дастраси хонандагон гардидаанд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба соли хониши 2026-2027 пурра омода аст ва инчунин мо барои сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра омодла мебошем». Корҳои омодагӣ ва бунёдкорӣ дар соҳаи маориф нишон медиҳад, ки мактабҳои пойтахт барои қабули хонандагон омода мебошанд.
Хушбахтона имсол корҳои ободонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба ҷашни муқаддасти 35 солагиии Иистиқлоли давлатӣ рост омад ва масъулияти омӯзгоронро дар самти омодагӣ ба соли нави хониш бештар намуд.
Паринози Алибердӣ
коромӯзи шуъбаи мухбирони Радиои Тоҷикистон
