Аз 2 то 8 августи соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ — International Olympiad in Artificial Intelligence (IOAI-2026) баргузор гардид, ки дар он беш аз 500 хонандаи болаёқат аз 106 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Иштирокчиён дар ин сабқати сатҳи ҷаҳонӣ донишу маҳорати худро дар самтҳои зеҳни сунъӣ, таҳияи моделҳои рақамӣ, алгоритмҳо ва барномасозии роботҳои худмухтор санҷиданд.
Дар ин рақобати зеҳнӣ Тоҷикистонро чаҳор хонандаи болаёқат Синан Кандиков, Диловар Икромов, Фарангис Ҳаётова ва Муродҷон Хайраков намояндагӣ карданд.
Натиҷаи онҳо барои Тоҷикистон назаррас буд: дастаи кишвар соҳиби ду медал гардид. Ин дастовард барои намояндагони кишвари мо хеле назаррас ба ҳисоб меравад, зеро хонандагон аз Тоҷикистон бори аввал аст, ки дар Олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ иштирок мекунанд..
Олимпиада бо сарпарастии ЮНЕСКО баргузор шуда, дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев иштирок намуд.
Қобили зикр аст, ки омодагии дастаи Тоҷикистон ба олимпиада бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати zypl.ai ба роҳ монда шуд. Хонандагон дар доираи ин ҳамкорӣ аз машғулиятҳои махсуси назариявию амалӣ гузашта, барои рақобат бо беҳтарин наврасони ҷаҳон омодагӣ диданд.
