Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳо (тақвиятдиҳандаҳои сигнали алоқаи мобилӣ), махсусан таҷҳизоти ғайристандартӣ ва нодуруст танзимшуда, метавонад ба фаъолияти муътадили шабакаҳои алоқаи мобилӣ халали ҷиддӣ расонад.
Тавре дар ин хусус котиби матбуотии Хадамоти алоқа Фирдавси Низом ба Радиои Тоҷикистон иттилоъ дод, репитери нодуруст насбшуда метавонад дар басомадҳои истифодашавандаи операторони мобилӣ интерференсия ба вуҷуд оварда, боиси паст гардидани сифати зангҳои телефонӣ, сустшавии суръати интернет, қатъшавии пайвастшавӣ ва бад гардидани хизматрасонӣ барои дигар муштариёни минтақа гардад.
Натиҷаи санҷишҳо нишон медиҳад, ки дар моҳҳои ахир истифодаи нодуруст ва ғайриқонунии ин дастгоҳ афзоиш ёфтааст. Танҳо дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони Хадамоти алоқа дар 123 адад истгоҳи базавии сайтҳо радиохалалҳо бартараф карда шуданд.
Дар баъзе ҳолатҳо чунин халалҳо метавонанд ба фаъолияти дигар воситаҳо ва системаҳои радиоэлектронӣ низ таъсир расонанд. Аз ин рӯ, насб ва истифодаи таҷҳизоти радиоэлектронӣ бояд бо риояи талаботи муқарраргардидаи техникӣ ва ҳуқуқӣ анҷом дода шавад.
Дар ҳолати ба вуҷуд омадани халалҳои радиоӣ, мутахассисони соҳаи радиомониторинг маҷбур мешаванд барои муайян намудани манбаи халал ченкуниҳои махсус гузаронида, ҷиҳати бартараф намудани он чораҳои зарурӣ андешанд.
Бинобар ин, Хадамоти алоқа аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки аз харидорӣ, насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳои номаълум, ғайристандартӣ ва бе танзими касбӣ худдорӣ намоянд.
Ҳамзамон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ менамояд, ки фурӯш, насб ва истифодаи репитерҳо (тақвиятдиҳандаҳои сигнали алоқаи мобилӣ), ки ба талаботи муқарраргардидаи техникӣ ҷавобгӯ набуда, бе ҳуҷҷатҳои дахлдор ва ё боиси ба вуҷуд омадани халалҳои радиоӣ мегарданд, метавонад боиси татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ гардад.
Дар сурати ошкор гардидани ҳолатҳои фурӯш ё насби чунин таҷҳизот, нисбат ба шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба фурӯш, насб ё истифодаи ғайриқонунии репитерҳо роҳ додаанд, тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдори маъмурӣ андешида мешаванд.
