Ҳамасола 10 август дар кишвар Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон таҷлил мегардад. Варзиш барои миллати мо на танҳо роҳи солимии ҷисму рӯҳ, балки майдони нангу номус, матонат, ирода ва муаррифии номи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Давлату Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ва омода намудани насли нави қаҳрамонону чемпионҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Пирӯзии варзишгарони тоҷик, ҳар медали ба дастомада ва ҳар қадами онҳо ба сӯи қуллаи нав ифтихори тамоми миллат аст. Вақте дар майдонҳои бузурги ҷаҳон Парчами Тоҷикистон боло меравад ва Суруди миллии мо садо медиҳад, ин натанҳо пирӯзии як нафар балки пирӯзии Тоҷикистон аст!
Ба ҳамаи парчамбардорони Меҳан, варзишгарон, мураббиён ва дӯстдорони варзиш Рӯзи варзишгаронро табрик менамоем!
