Дар ноҳияи Шоҳмансур бо фаъолон ва масъулони маҳаллаи Муғулон ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид.
Зимни мулоқот оид ба аҳаммияти хизмати ҳарбӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, тарбияи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, инчунин тақвияти корҳои ободониву созандагӣ дар сатҳи маҳал ибрози назар карда шуд.
Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур иттилоъ доданд.
