Аз 1 сентябри соли 2026 истифодаи барномаи мобилии «АМИНА» барои ҳамаи категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия бидуни раводид ворид мешаванд, дар Маскав ва вилояти он ҳатмӣ мегардад.
Дар ин бора Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
То имрӯз барномаи «АМИНА» асосан барои бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ истифода мешуд. Аз моҳи сентябр бошад, он ба воситаи асосии бақайдгирии ҷойи зисти шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав ва вилояти Москва табдил меёбад.
Тибқи иттилои намояндагӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил мекунанд ё ба корҳои илмӣ машғуланд, низ бояд тавассути ин барнома ҷойи зисти худро ба қайд гиранд.
Дар ҳамин ҳол, барои шаҳрвандони ноболиғ тартиби дигар пешбинӣ шудааст. Онҳо барои гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ бояд тибқи тартиби муқарраргардида ба шуъба ё раёсати Вазорати корҳои дохилии Русия аз рӯйи ҷойи зист муроҷиат кунанд.
