Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу бо натиҷаи назаррас баромад карда, соҳиби 9 медал — 1 тилло, 1 нуқра ва 7 биринҷӣ гардид.
Дар рақобатҳои No-Gi Исмоил Зиёев дар вазни то 77 килограмм медали тилло ба даст овард. Самир Ризоев дар вазни то 85 килограмм соҳиби медали нуқра шуд.
Ҳамчунин, дар сабқатҳои Gi Комил Боймуродов дар вазни 77 килограмм, Хушвахт Раҳмихудоев дар вазни 85 килограмм, Исмоил Зиёев дар вазни 77 килограмм, Салмон Ризоев дар вазни 69 килограмм, Самир Ризоев дар вазни 85 килограмм, Анас Саидов дар вазни 32 килограмм ва Юсуф Набиев дар вазни 40 килограмм медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Ба даст овардани 9 медал дар Чемпионати ҷаҳон барои ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон дастоварди таърихӣ арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи мураббии даста, бо вуҷуди иштироки варзишгарони зиёде аз кишварҳои гуногун, намояндагони Тоҷикистон тавонистанд маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, ба чунин натиҷаи назаррас ноил шаванд.
Ин дастовард идомаи натиҷаҳои хуби ҷиу-ҷитсуи тоҷик дар соли 2026 мебошад. Варзишгарони кишвар қаблан дар мусобиқаҳои Боку, Ӯзбекистон ва Чемпионати Осиё дар Қазоқистон низ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда буданд.
