Нархи тилло дар Тоҷикистон дар як ҳафтаи охир ба таври назаррас боло рафтааст. Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз 31 июл то 7 август арзиши тиллои ченакӣ вобаста ба вазн аз 5,2 то 5,3 дарсад афзоиш ёфтааст.
То 7 август нархи 5 грамм тилло 6 ҳазору 570 сомониву 53 дирамро ташкил додааст. Як ҳафта пеш арзиши он 6 ҳазору 244 сомониву 4 дирам буд.
Ҳамчунин, нархи 10 грамм тилло аз 12 ҳазору 366 сомониву 17 дирам ба 13 ҳазору 19 сомониву 14 дирам расидааст. 20 грамм тилло бошад, аз 24 ҳазору 598 сомониву 91 дирам то 25 ҳазору 904 сомониву 86 дирам қимат шудааст.
Арзиши 50 грамм тилло дар ин давра аз 61 ҳазору 280 сомониву 21 дирам ба 64 ҳазору 545 сомониву 8 дирам ва 100 грамм тилло аз 122 ҳазору 485 сомониву 26 дирам ба 129 ҳазору 15 сомониву 1 дирам расидааст.
Ҳамзамон, арзиши бозхариди тилло низ афзоиш ёфтааст. То 7 август Бонки миллии Тоҷикистон 5 грамм тиллоро ба 6 ҳазору 440 сомониву 42 дирам, 10 граммро ба 12 ҳазору 761 сомониву 34 дирам ва 20 граммро ба 25 ҳазору 391 сомониву 89 дирам бозхарид мекунад.
Бо вуҷуди болоравии нарх дар ҳафтаи охир, арзиши тилло ҳанӯз ба сатҳи охири моҳи феврали соли ҷорӣ барнагаштааст. Дар муқоиса бо 28 феврал, нархи тилло вобаста ба вазн тақрибан 19 дарсад поинтар боқӣ мондааст.
Болоравии ахири нарх дар Тоҷикистон ба вазъи бозори ҷаҳонии тилло низ иртибот дорад. Аввали моҳи август нархи як унсия тилло дар бозори байналмилалӣ ба ҳудуди 4 ҳазору 370 доллар расид.
Коҳиши қурби доллар, талаботи бонкҳои марказии кишварҳои гуногун ба тилло аз омилҳои муҳими болоравии нархи ин металли қиматбаҳо ба ҳисоб меравад.
Бонки миллии Тоҷикистон нархи фурӯш ва бозхариди тиллоро ҳамарӯза муайян мекунад. Ҳисобкунии нархҳо бар асоси қимати байналмилалии тилло анҷом дода мешавад. Аз ин рӯ, тағйирёбии нархи тилло дар бозори ҷаҳонӣ ба арзиши он дар Тоҷикистон низ таъсир мерасонад.
