Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Алишер Навоӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мешаванд

Ҳоло дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Алишер Навоӣ Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Деваштич бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардида истодааст. Чорабинӣ сокинон ва меҳмонони сершуморро ба ҳам оварда, фазои идона ба вуҷуд овард. Дар гӯшаҳои намоишгоҳ ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва дигар дастовардҳои ноҳия муаррифӣ мешаванд.

Меҳмонон аз таърихи ғанӣ, фарҳанги воло ва имкониятҳои гуногуни ноҳияи Деваштич аз наздик ошно гардиданд. Намоишгоҳ бозгӯи иқтидори фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия буда, таваҷҷуҳи зиёди тамошобинонро ҷалб кард.

Чунин чорабиниҳо барои муаррифии минтақаҳои кишвар, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозанд. Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Деваштич бори дигар нишон доданд, ки ин минтақа бо мероси бой ва дастовардҳои имрӯзаи худ дар рушди фарҳанги миллӣ саҳми арзанда мегузорад.

Ҳамзамон барои меҳмонон ва сокинони пойтахт барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳия дар назар аст.

Бузургмеҳр Алиев