Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 июни соли 2017 «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона», 23 июли соли 2026 аз ҷониби гурӯҳи корӣ рейди муштарак гузаронида шуд.
Дар рейд намояндагони комиссияи дахлдор, мақомоти васояту парасторӣ, шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иқтисод, савдо ва мониторинг, бахшҳои ҳуқуқ, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ШВКД №1 дар ноҳия, инчунин намояндаи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок намуданд.
Зимни санҷиш 66 нафар баъди соати муқарраршуда дар марказҳои дилхушӣ ва бозиҳои компютерӣ муайян гардиданд, ки аз ин шумора 4 нафар ноболиғ буданд. Бо ҳар як ноболиғ суҳбатҳои инфиродии фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Ҳамчунин нисбат ба масъулони марказҳои дилхушӣ ва марказҳои бозиҳои компютерӣ оид ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ анҷом дода шуд.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
