Дар ноҳияи Нуробод интернети баландсуръат тавассути хатҳои нахи нурӣ дастрас гардид

Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 вобаста ба рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ баён гардидаанд, дар ноҳияи Нуробод ба масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ ба интернети баландсуръат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Зокирҷон Маҳмудов, мудири бахши иттилоотиву техникии дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод, зимни суҳбат иброз дошт, ки дар ноҳия ҷиҳати пайваст намудани корхонаву муассисаҳо ба шабакаи интернети баландсуръат корҳои техникӣ ва ташкилию амалӣ роҳандозӣ гардида, раванди пайваст намудани муштариён тавассути хатҳои нахи нурӣ идома дорад.

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ интернет яке аз воситаҳои муҳими пешрафти иқтисоди рақамӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаву муассисаҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, васеъ намудани шабакаҳои алоқа ва истифодаи хатҳои нахи нурӣ дар таъмини дастрасии босифат ба интернет аҳамияти муҳим дорад.

Бо анҷоми корҳои техникӣ интернети собити боэътимоду баландсуръат байни шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун ва шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод пайваст карда шуд.

Ҷамшед Раҳимбеков,

ноҳияи Нуробод