Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид. Дар он ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар таҳти роҳбарии муовинони якуми сарвазир — Ҳоким Холиқзодаи Ҳикматулло аз ҷониби Тоҷикистон ва Нурлибек Налибоев аз ҷониби Қазоқистон иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, ба густариши гардиши савдо, ҷалби сармоя, рушди саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёту логистика таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳамчунин, имкониятҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қазоқистон яке аз се шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 ба 1 миллиарду 130 миллион доллари ИМА расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 230,9 миллион доллар ё 25,6 дарсад зиёд мебошад.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои ҷалби сармояи мустақим, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва густариши робитаҳои соҳибкорони ду кишвар баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, ҷонибҳо ба истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва пешбурди иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳ карданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Ҳоким Холиқзода ва Нурлибек Налибоев протоколи ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиро ба имзо расониданд.
