Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» қадрдонӣ шуданд

Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

Пеш аз оғози маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ суханронӣ карда, иброз намуд, ки рушди босуботи ҳар як давлат ба рушди илмҳои дақиқ вобастагии амиқ дорад. Аз ин хотир, роҳандозӣ ва баргузор гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» як навъ ғамхорӣ ва сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад.

Баъдан, дар фазои тантанавӣ ба 131 нафар ғолибони даври ниҳоии озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия диплом, ҷоми ифтихорӣ ва маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 30 то 70 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки имсол дар байни иштирокчиёни озмун довталаби арзандаи шоҳҷоиза пайдо нашуд. Инчунин, 25 ҷойи дигари намоён бинобар нарасидани холҳои зарурии иштирокчиён холӣ монд.