ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН РОБИТАҲОИ ХОРИҶИИ ХУДРО ТАҚВИЯТ БАХШИД

Дар шаш моҳи соли равон Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо 13 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар ин бора ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, гуфт, ки дар маҷмӯъ донишгоҳ бо 60 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкории судманд дорад.

Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ 27 нафар омӯзгор ва корманди донишгоҳ дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалӣ ба донишгоҳҳои шарики хориҷӣ сафар намуда, дар семинарҳо, тренингҳо ва курсҳои такмили ихтисос иштирок кардаанд.

Илова бар ин, донишгоҳ табодули академии донишҷӯёнро низ густариш додааст. Аз ҷумла, се нафар донишҷӯ барои таҳсил ба Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Корея сафарбар гардида, ду нафари дигар ҳуқуқи таҳсил дар донишгоҳҳои Виго ва Кадиси Шоҳигарии Испанияро ба даст овардаанд.

Сарвинози С.